Хабарҳо 27.11.2024 Мониторинги корҳои саҳроӣ дар вилояти Суғд Кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) пас аз дастрас намудани тухмиҳои хушсифат тавонистанд аз боду ҳавои мусоиди имсола самаранок истифода намуда, сари вақт кишти зироатҳои ғалладонагӣ махсусан гандумро ба анҷом расонанд. Соли ҷорӣ хоҷагиҳои тухмипарварии вилоят дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба миқдори 137 тонна тухмии элитаи навъҳои Алексеич ва Тимирязевка 150-ро дастрас намуда, дар майдони 621 га кишти онро ба роҳ монданд. Ҳамчунин аз ҷониби лоиҳаи мазкур 1110 хоҷагиҳои ниёзманди вилоят низ ба миқдори 265 тонна гандуми навъи Гром репродуксияи якумро дастрас намуда, дар мӯҳлати муайян кишти онро ба анҷом расониданд. Айни ҳол нашъунамои зироатҳо дар саҳро хуб буда, кишоварзон бо риояи агротехникаи парвариш каналу ҷуйборҳои гирду атрофи майдонҳоро таза намуда, саргарми кор ҳастанд.