Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”
Санаи 22.11.2024 дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бахшида ба Рӯзи Парчам ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади тантанавиро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд. Ҳамчунин аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории он, нақши созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президени Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, махсусан кайд карданд:
Парчами миллӣ — ливоест парафшон дар самои софу беғубор, муқаддасотест мояи ифтихори мо ва нишонест зебою беназир, ки бо ҷолибият ва ҷаззобияташ дар ҷаҳон маъруф гаштааст.
Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад,
Парчами давлатии Тоҷикистон дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ яке аз муқаддасот ва рамзҳои асосӣ, нишонаи соҳибихтиёрии давлат, рамзи Истиқлоли давлатӣ, дӯстиву бародарии мардуми азизи Тоҷикистон ба шумор рафта, беҳтарин василаи тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихию фарҳангии миллати шарафманди тоҷик ба ҳисоб меравад.
Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.
Ин аст, ки дар даврони соҳибистиқлоли барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.
Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди кишвари азизро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Сипас оид ба “Нақши Парчам дар ҷомеаи имрӯза” бархе аз кормандон маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Пас аз маърӯзаҳо филми мустанаде, ки таҷассумгари Рӯзи Парчам буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми ҷорабинӣ роҳбарият бори дигар кулли кормандон ва дар симои онҳо кулли мардуми шарифи кишварро бо ин лаҳзаҳои фараҳбахш Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, барояшон бахту иқболи баланд, сарбаландию сарфарозӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон комёбиҳои беш аз пешро таманно намуданд.
Бигзор парчами пурҷилло ва нурафшони истиқлолият асрҳои аср дар фазои озоди кишвари соҳибистиқлоламон парафшонӣ намояд.