Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти Директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад.

Аз файзи истиқлолият ва неъматҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат имрӯз Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ифодакунандаи иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.

Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

Эҳтироми парчам эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ аст, зеро Парчам дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ ва рамзи баҳамоиву ваҳдатофарӣ маҳсуб мешавад.

Ин аст, ки дар даврони истиқлолият барои боз ҳам боло бурдани нуфуз ва эҳтироми Парчами миллӣ дар ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон аз тарафи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои назаррас амалӣ карда шудаанд.

Аз соли 2009 то инҷониб, мо ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон ва гиромидошти ин рамзи давлатӣ 24-уми ноябрро ҳамчун “Рӯзи Парчам” бо тантана ҷашн мегирем.
Парчами миллии мо таърихи бою рангини чандинҳазорсола дошта, тоҷикон ба ҳайси ворисони сарбаланди ориёии бузург дар воқеъ яке аз парчамбардорони аввалини сайёра мебошанд.

Парчами миллӣ — ливоест парафшон дар самои софу беғубор, муқаддасотест мояи ифтихори мо ва нишонест зебою беназир, ки бо ҷолибият ва ҷаззобият дар ҷаҳон маъруф гаштааст.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парафшонӣ намуда, ҳамчун нишон аз Истиқлолияти давлатӣ халқи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ карда, дар бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилот ва муассисаҳои бонуфузи ҷаҳонию минтақавӣ дар радифи парчамҳои дигар давлатҳои олам аз Тоҷикистони соҳибистиқлол хабар мерасонад.

Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст.

Парчам барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст.
Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оғози таърих то ба имрӯз мебошад.

Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҳамаи Шумо ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи кишварро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, бароятон бахту иқболи баланд, сарбаландию сарфарозӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беш аз пешро орзумандам.

Бигзор осмони ин диёри биҳиштосо ҳамеша софу беғубор ва то абад парчамаш партавафшон бошад.

Loading

X