Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагиҳои ниёзманди кишвар бо тухмии хушсифат таъмин мегарданд.

Тухмии хушсифат кафалати серҳосилии зироатҳои кишоварзӣ буда, кишоварзон метавонанд дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, дар таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳмгузор бошанд.

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар оғози кишти зироатҳо хоҷагиҳои ниёзманд ва тухмипарвари кишварро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд.

Мутахассисони муассиса шурӯъ аз оғози моҳи ноябри соли ҷорӣ тухмии хушсифати картошкаи навъҳои Пикассо, Бигроза, Кроне, Аризона ва Эвалюшенро дар ҳаҷми 1400 тонна ба хоҷагиҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи рӯйхати вазорати кишоварзӣ (баҳрагирандагони лоиҳа) дастрас намуда истоданд, ки дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Кишоварзони мамлакат аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавасманд гардида, кӯшиш менамоянд, ки тибқи мӯҳлат кишти онҳоро сари вақт ба роҳ монда, чун соли ҷорӣ аз он ҳосили баланд ба даст биёранд. Навъҳои ба хоҷагиҳои ниёзманд дастрасгардида дорои сертификат ва серҳосил буда, истеҳсоли ватанӣ мебошад.

Loading

X