Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷаласаи ҷамъиятӣ дар вилоятҳои мухтори кӯҳистони Бадахшон ва Суғд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои миллӣ пайваста кӯшиш намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ, ки яке аз ҳадафҳои миллиамон аст таваҷҷӯҳи беандоза зоир менамояд.

Ҳафтаи сипаригардида мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо масъулини шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон оид ба сохтмони маркази агрологистикӣ ва бунёди гармхонаи доимоамалкунанда дар ВМКБ мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Сипас дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони ВМКБ бо намояндагони мақомоти дахлдор дар маҳал ва ҷонибҳои манфиатдор ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба бунёди гармхонаи доимоамалкунанда баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии муассиса тавассути рӯнамо (презентатсия) ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунин муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳамчунин тибқи талаботи стандартҳои экологию иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳро манзури иштирокчиён гардонида, барои сари вақт, тибқи талаботҳои зикргардида ва бо сифати баланд бунёд намудани гармхонаи доимоамалкунанда аз ҳисоби мутахассисони соҳа ва истиқоматкунандагони маҳал комиссияи ҷамъиятӣ таъсис дода шуд.

Ҳамчунин дар ҷаласа баррасии механизми арзу шикоятҳо мавриди муҳокима қарор гирифта, масъулин рочеъ ба ин масъала ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Сипас дар рафти ҷаласа пурсишу посух сурат гирифта, мутахассисони соҳа моҳияти сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда ва манфиати он ба аҳоли ҷомеа пешниҳоди ҳозирин гардониданд.

Ҳамчунин санаи 14.11.2024 мутахассиси муассиса дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки муовини раиси вилояти Суғд оид ба иқтисод – Ёқубӣ А.Ш., намояндагони минтақаи озоди иқтисодии вилояти Суғд, намояндагони идораҳои заминсозӣ, ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода, кишоварзӣ, обу ташноб, меъморӣ, оташнишонӣ ва бо иштироки дигар тарафҳои манфиатдор ҷаласаи ҷамъияти оид ба сохтмони маркази агрологистикӣ дар вилояти Суғд баргузор карда шуд.

Loading

X