Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” муҳтарам Далер Саторӣ Абдумансур ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32 — юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамоям.

Ҷашни Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи садоқату вафодорӣ ба Ватани маҳбуб, миллати шарафманди тоҷик ва Сарвари давлат ба ҳисоб рафта, омили муҳими иттиҳод, сарҷамъӣ ва ягонагии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.

Фаъолияти васеи давлатдории Пешвои муаззами миллат аз Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст, ки дар он пояҳои асосии давлатдории миллӣ барқарор гаштааст. Муҳимтарин дастоварди ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби роҳбари давлат ҳамчун фарзанди банангу номуси миллат, шахси далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва дорои ҳувияти баланди миллӣ ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбари бохираду дурандеш, ба неруи азим ва хиради азалии халқ такя карда, кишварамонро бо роҳи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пеш бурда, оромию осудагии рӯзгори мардумро таъмин сохтаанд.

Таҳти роҳбарии бевосита ва ғамхории пайвастаи Пешвои муаззами миллат, тамоми соҳаҳои кишовар ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, мардуми кишвари азизамон дар фазои сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Мардуми шарифи тоҷик аз фаъолияти ҳаррӯзаи сарвари давлат огоҳ буда, хуб дарк мекунанд, ки тамоми ҳастии ҳаёту фаъолияти хешро ба рушду нумуи кишвари азизамон, таъмини зиндагии шоистаи мардум бахшида истодаанд.

Маҳз барои ҳамин ҳам Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди умумихалқии тоҷикон табдил ёфта, дар ҳар як хонадони тоҷикистонӣ онро бо хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлат дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ, ба хотири ободии Ватан, раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳои илмию таълимӣ, роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва дигар дастовардҳои азим камари ҳиммат баста, ба дастовардҳои бузурги беназири ободгариву давлату давлатдорӣ ноил гардиданд.

Боварии комил дорем, ки Тоҷикистони азиз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии худ, нақшаҳои омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои азим, тараққиёти устувор ва зиндагии шоистаи мардум муваффақ мегардад.

Бори дигар ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадр ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи азизамонро бо ин рӯзи фархунда сидқан табрик намуда, бароятон сиҳатмандии комил, саодатмандиву сарфарозӣ, пирӯзиҳои нав ба нав дар фаъолияти имрӯзаатон баҳри гул — гул шукуфии Ватани маҳбубамон таманно менамоям.

Loading

X