Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Дастрасии хоҷагиҳои ниёзманди кишвар бо тухмии хушсифат

Ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар оғози кишти зироатҳои кишоварзӣ хоҷагиҳои ниёзманди кишварро бо тухмиҳои хушсифат таъмин менамояд.

Мутахассисони муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” шурӯъ аз санаи 7.11.2024 тухмии хушсифати картошкаи навъҳои Пикассо, Бигроза, Кроне, Аризона ва Эвалюшенро дар ҳаҷми 1400 тонна тибқи рӯйхати вазорати кишоварзӣ ба хоҷагиҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ (баҳрагирандагони лоиҳа) дастрас намуда истодаанд.

Навъҳои дастрасгардида дорои сертификат ва серҳосил буда, истеҳсоли ватанӣ мебошад. Қобили зикр аст, ки муассиса дар доираи лоиҳа пайваста олимони саҳа ва соҳибкорони ватаниро ҷиҳати ҳалли яке аз ҳадафҳои миллиамон, ки таъмини амнияти озуқавории кишвар ва худкифо будан бо маҳсулоти худӣ аст дастгирӣ намуда, ҳамеша тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Loading

X