Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба сохтмони маркази агрологистикӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ

Ҳафтаи сипаригардида дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷ.Балхӣ мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо иштироки намояндагони Ширкати лоиҳакаш “Барс Консалтинг”, намояндагони мақомот дар маҳал ва тарафҳои манфиатдор ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба сохтмони маркази агролагистикӣ баргузор гардид.

Дар рафти ҷаласа мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии муассиса Мусамиров Маҳмадсодиқ ва Раҳматова Раъно тавассути рӯнамо (презентатсия) оид ба тартиб додани нақшаи идоракунии муҳити зист ва масоили иҷтимоии пудратчӣ ҳангоми рафти сохтмони маркази агрологистикӣ бо назардошти фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, ҳамчунин тибқи талаботи стандартҳои экологию иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ, бехатарӣ ҳангоми гузаронидани корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти саҳеҳро манзури иштирокчиён гардониданд.

Сипас дар рафти ҷаласа пурсишу посух сурат гирифта, масъулини соҳа моҳияти сохтмони маркази агрологистикӣ ва манфиати онро ба аҳолии кишвар пешниҳоди ҳозирин гардонид.

Дар фарҷоми ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи муовини раиси ноҳияи Ҷ.Балхӣ Ғуломов Ҷамолиддин иброз дошт; “Мо аз дастгириҳо пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасии кишоварзон бо тухмиҳои хушсифати зироатҳои кишоварзӣ, техникаҳои муосири хурду бузург ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ қаноатманд буда, изҳори сипос менамоем. Ҳамчунин иқдоми нави барнома, сохтмони МАЛ, ки яке аз масъалаи муҳим барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои кишвар “Таъмини амнияти озуқаворӣ” аст ҳамаҷониба ва якдилона дастгирӣ менамоем.

Loading

X