Хабарҳо 01.11.2024 Мониторинги ҳолати кишти пиёз дар хоҷагиҳои осебпазири ҷумҳурӣРушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардуми кишварро таъмин менамояд.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳамасола якқатор тухмиҳои хушсифатро аз дохил ва хориҷи кишвар барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ба хоҷагиҳои деҳқонии ниёзманди ҷумҳурӣ дастрас менамояд.Соли ҷорӣ мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” шурӯъ аз санаи 13.09.2024 ба миқдори 7,200 тонна тухмии хушсифати пиёзро (навъҳои Сейҳан — 1,2 тонна, Албени — 3 тонна ва Хазар — 3 тонна) аз Ҷумҳурии Туркия ворид карда, тибқи нақша ба 1209 хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ ва муассисаҳои илмии кишоварзӣ дастрас намуда буданд.Бо мусоид омадани боду ҳаво кишоварзон мамлакат (баҳрагирандагони лоиҳа) кишти пиёзро сари вақт ба роҳ монда, айни ҳол нашъунамои он дар саҳро хело хуб мебошад. Дар рафти мониторинг мутахассисони соҳа мушоҳида намуданд, ки ҳолати нашъунамои он хуб буда, дар ҳолати риояи агротехникаи парвариш ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд.