Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ташрифи гурӯҳи кории Миссияи Бонки ҷаҳонӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Санаи 24 октябри соли ҷорӣ гурӯҳи кории Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо директор ва мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари корӣ анҷом даданд.

Сараввал дар шаҳри Бохтар ба муовини якуми раиси вилояти Хатлон Музаффар Мирзозода мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.

Зимни мулоқот Музаффар Мирзозода доир ба рушди соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон, дастгирии соҳибкорӣ дар ин самт ибрози назар карда, таъкид бар он дошт, ки 46 дарсади истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳисоби хоҷагиҳои тухмипарварӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии вилояти Хатлон таъмин карда мешавад.

Сипас гурӯҳи корӣ дар рафти сафар аз якҷанд хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди вилоят дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо (баҳрагирандагони лоиҳа) вохӯрӣ баргузор намудан.

Дар рафти вохӯрӣ кишоварзон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷиҳати рушди соҳа кишоварзӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ба масъулин мушкилиҳои пешомадаро пешниҳод намуданд. Пас аз вохӯрӣ гурӯҳи кории Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз китъаи замине, ки дар он маркази агрологистикӣ бунёд мегардад дидан намуда, ба шахсони масъул ҷиҳати бо сифат ва сари вақт бунёди он дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Loading

X