Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди гурӯҳи кории Миссияи Бонки ҷаҳонӣ аз ҳолати воқеии амборҳои нигоҳдории маводҳои тиббӣ

Санаи 24 октябри соли ҷорӣ дар доираи ташрифи Миссияи Бонки Ҷаҳонӣ сармутахассис оид ба соҳаи тандурустии Бонки ҷаҳонӣ Моҳинӣ Как дар якҷоягӣ бо мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” аз ҳолати воқеии амборҳое, ки дар он маводҳои тиббӣ витаминҳо ва микронутриентҳо нигаҳдорӣ карда мешаванд дидан намуданд.

Қобили зикр аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи зеркомпонети 3.4-и (Беҳтар намудани ғизо) лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ маводҳои тиббӣ аз қабили витаминҳо ва микронутриентҳоро аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ворид намудааст.

Гурӯҳи кории Миссияи Бонки ҷаҳонӣ дар якҷоягӣ бо мутахассисони соҳа аз ҳолати воқеии амбори маводҳои тиббӣ дидан намуда, оид ба ҳолати санитарию эпидемиологӣ, тарзи дуруст нигоҳдории маводҳои тиббӣ, ҳарорати оптималии нигаҳдорӣ дар амбор, ҳолати муҳофизат ва бехатарии маводҳо аз сухтор аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Инчунин чиҳати воридот, талаботҳои гумрукӣ, санҷиши сифат ва таъмини сертификат аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Loading

X