Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Боздиди гурӯҳи кории Миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ аз рафти корҳои тадқиқотӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Боздиди гурӯҳи кории техникии намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» аз иншоотҳои кории вилоятҳои Суғд ва Хатлон

Гурӯҳи кории техникии намояндагони Бонки Умумичаҳонӣ ва мутахассисони масоили экологӣ ва иҷтимоии муассиса дар давоми сафари корӣ аз “Минтақаи озоди иқтисодӣ” (Сохтмони МАЛ-АЛЦ), МД “Экспедитсияи мубориза бар зидди малах”, хоҷагиҳои тухмипарварии вилоятҳои Суғд ва Хатлон ноҳияи Б.Ғафуров: ҶСК ба номи “А.Ҷумаев”, ҶСШК “С.Урунхоҷаев”, ХД “Яккатут”-и ноҳияи Ҷ.Расулов, Кооперативии тиҷоратии “Кӯлоб”-и н Вахш ва ХД “Ҳоҷи Зокир”-и н. Вахш дидан намуданд.

Дар рафти фаъолият аз ҷониби гурӯҳи корӣ оид ба тарзи дуруст нигоҳдории заҳрдоруҳо, риояи бехатарии техникӣ, санитариву гигиенӣ, шароити нигоҳдории нуриҳои минералӣ, нигоҳдории тухмӣ барои захира, риояи талаботҳои экологиву иҷтимоӣ лоиҳа ва инчунин мониторинги шароити меҳнат низ муҳокима карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагии тухмипарварии ба номи А.Ҷумаев биолаборатория мавҷуд буда, дар онҷо ҳашаротҳои фойдаовар-энтомофагҳо парвариш карда, мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасон бо усули биологӣ ба дигар ноҳияҳо низ таъмин карда мешавад. Мутахассисони Бонки Умумиҷаҳонӣ бо кори озмоишгоҳ аз наздик шинос шуда, саҳми лоиҳаро дар афзун гардондани фаъолияти озмоишгоҳ дар оянда нек арзёбӣ намуданд.

Ҳамчунин бо намояндагони хоҷагиҳои осебпазир мулоқот баргузор гардида, аз ҳолати кунунии иҷтимоиву экологии ин хоҷагиҳо аз наздик шиносоӣ пайдо намуданд.

Дар фарҷом мутахассисони экологӣ ва масоили ичтимоӣ барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти минбаъда тавсияҳои судмандро ба баҳрагирандагон пешниҳод намуданд.

Loading

X