Хабарҳо 14.10.2024 Тақсимоти техника ва мошинолоти кишоварзӣ дар ВМКББо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” марҳалаи нави тақсимоти техника мошинолотҳои кишоварзӣ аз ВМКБ оғоз гардид.Боиси ифтихор аст, ки тақсимоти техника ва мошинолоти муосири кишоварзӣ дар рафти сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ рост омада, он техникаҳо ба хоҷагиҳои ниёзманди вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) дастрас гардиданд.Қобили зикр аст, ки барои боз ҳам мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ ва осон кардани кори кишоварзон соли ҷорӣ (04.06.2024) бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” 21 адад техникаҳои муосир трактор ва мотоблокҳоро бо таҷҳизотҳояшон ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва ниёзманди ВМКБ дастрас карда буд.Хушбахтона дар марҳалаи нав санаи 13.10.2024 боз 15 адад трактори хурди муосир бо ядакҳо ва мошинолотҳояш дастраси хочагиҳои ниёзманди вилоят гардиданд.Баҳрагирандагони лоиҳа аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу ҳавасманд гардида, изҳори сипос намуданд. Зеро ин иқдоми наҷиб кори кишоварзонро ба маротиб осон гардонида, ҳосилнокии зироатҳои кишоварзиро ба маротиб баланд мебардорад.