Хабарҳо 08.10.2024 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар Муассисаи давлатии Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати кишоварзӣБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистонро таъмиру азнавсозӣ менамояд.Муассиса дар доираи компоненти сеюми лоиҳа намои пурраи дохилии бинои Муассисаи давлатии Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масоҳати 1605 метри мураббаъ ва намои берунаи онро дар масоҳати 1454 метри мураббаъ рангубори хушсифат ва таъмиру азнавсозӣ намуд.Ҳамчунин болопӯши бинои озмоишгоҳҳо ва амборҳои муассиса, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 785 метри мурабба, даромадгоҳ ва навеси (шипанг) онро дар масоҳати 51 метри мураббаъ бо сифати хуб пурра азнавсозӣ карда шудааст.Толори маҷлисгоҳ ва утоқҳои кории кормандони муассиса, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт онро низ дар масоҳати 1605 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандилҳо таъмири намуда, ба истифода дода шуд.Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад.Айни ҳол таъмир дар қисмати озмоишгоҳи муассиса дар арафаи анҷомёбӣ буда, роҳбарияти Муассисаи давлатии “Муҳофизати растаниҳо ва химикунонӣ” аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.