Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Семинари машваратии “Рӯзи саҳроӣ” оид ба муаррифи намудани кори комбайни ҷамъоварии ҳосили шолӣ

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварозӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои мустаҳкам намудани баззаи модиву техникӣ ва осон намудани кори кишоварзон соли ҷорӣ дар қатори дигар техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ комбайни шолидаравии ширкати “FMWORLD”-ро ба Тоҷикистон ворид намуд.

Комбайни мазкур яке аз техникаи пешқадами замони муосир буда, дар як амалиёт якчанд корро ба анҷом мерасонад ва он барои ҷамъоварии зироатҳои ғалладонагӣ махсусан шолӣ ва гандум пешбинӣ шудааст.

Паҳноияш 2 метр, вазнаш 3,5 тонна, қувватнокӣ аз 88 то 90 кувваи асп, ғунҷоиши бағоҷ барои ҷамъоварии ҳосили шолӣ аз 850 кг то 950 кг барои гандум аз 1 т то 1,2 тоннаро дар бар гирифта, барои хоҷагиҳои ниёзманди кишвар пешбинӣ гардидааст.

Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” санаи 05 уми октяри соли ҷорӣ семинари машваратии “Рӯзи саҳроӣ” оид ба “Муаррифӣ намудани кори комбайни ҷамъоварии ҳосили шолиро дар хоҷагии деҳқонии “Самир”-и шаҳри Турсунзода баргузор намуданд.

Дар кори семинар кишоварзони шолипарвар ва механизаторон аз манотиқи ҷумҳурӣ иштирок ва аз рафти кори комбайн дидан намуда, ба он баҳои баланд доданд.

Дар семинари мазкур муовини Вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо дар якҷоягӣ бо муҳандиси ширкат оид ба тарзи дурусту тулонӣ хизмат намудан ва бехатарии истифодаи он дар рафти кор суханронӣ намуда, ба ҳозирин тавсияҳои судманд доданд.

Ин иқдом дар арафаи ҷамоварии ҳосили шолӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа дар хоҷагиҳои шолипарвари миқёси ҷумҳурӣ сари вақт амалӣ мегардад.

Айни ҳол (санаи 06.10.2024) тибқи нақша мутахассисон дар хоҷагии деҳқонии “Шамшод — 05”-и ноҳияи Фархор қарор дошта, шолипарварони ноҳияи мазкурро аз рафти кори ин комбайн шинос намуданд.

Кишоварзон аз дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯҳбаланд гардида, изҳори сипос намуданд.

Loading

X