Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ”

Санаи 04.10.2024 дар толори муассиса бахшида ба таҷлили Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомадро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили «Рўзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории арзишҳои фарҳангии он ёдовар шуда, махсусан қайд карданд:

Ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору ҷовидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳои зиёд кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд.

Ҷашнгирии Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва болорафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард.

Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат дар бештари вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегӯянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд.

Сипас якқатор кормандони муассиса оид ба “Забон ҳастии миллат” ва “Покиза нигоҳ доштани забони волою шевои тоҷикӣ” суханронӣ намуданд.

Ҳамчунин филми мустанаде, ки аз давраҳои пайдоиш ва нигоҳдории он аз замонҳои мушкил қисса мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рўзи фархунда табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ, рузгори осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намуда, иброз доштанд; Имрӯзҳо ҳар яки моро лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бо нангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди Тоҷикистони азиз бошем.

Loading

X