Хабарҳо 01.10.2024 Корҳои таъмирию бозсозӣ дар муассисаҳои илмии кишоварзӣМаркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон соли 2015 дар заминаи Институти зироаткории АИКТ таъсис ёфта, то инҷониб фаъолияти пурсамар дорад.Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ки ба таъмири асосӣ ниёз дошт соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” пурра таъмиру азнавсозӣ гардида, мавриди истифадабарӣ қарор гирифт.Муассиса дар доираи компоненти якуми лоиҳа намои пурраи беруна ва дохилаи биноро дар масоҳати 2617 метри мурабаъ бо сифати баланди муоссир таъмиру азнавсозӣ намуд, ки барои кормандони марказ шароиди хуби корӣ муҳаё гардид.Ҳамчунин болопӯши бинои марказ, ки солиёни зиёд кӯҳнаву фарсуда гардида буданд дар масоҳати 1309 метри мурабба бо сифати хуб пурра азнавсозӣ гардида, даромадгоҳ, толори маҷлисгоҳ, 11 — синфхона барои дарсхонӣ, 2 устохона ва утоқҳои кории кормандон, ки ба таъмири асосӣ (капиталӣ) ниёз дошт дар масоҳати 1684 метри мураббаъ бо тарҳи муосиру замонавӣ бо иваз намудани дару теразаҳо, фарш, шифт (сақф) ва қандил таъмир карда шуд.Корҳои сохтмонӣ тибқи меъёрҳои талаботи стандартҳои экологӣ ва иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ бо сифати баланду замонавӣ ба анҷом расида, бино мавриди истифода қарор дорад.Роҳбарияти Маркази илмии технологияҳои инноватсионӣ ва механиконии кишоварзии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хушҳолу қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.