Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email
ТАҚСИМОТИ ТУХМИИ ЗИРОАТҲО БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масъулин пайваста барои таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар диққати ҳамаҷониба зоир менамоянд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ низ тақсимоти тухмиҳои хушсифати пиёз ва гандумро дар миқёси ҷумҳурӣ тибқи нақша амалӣ намуда истодаанд.

Қобили зикр аст, ки тақсимоти тухмиҳои хушсифат аз санаи 13.09.2024 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар равона гардидааст.

Навъҳои тухмиҳои воридгардидаи пиёз Сейҳан — 1,2 тонна, Албени — 3 тонна, Хазар — 3 тонна ва навъҳои гандум Гром- 200 тонна, Алексеевич- 400 тонна ва Темирязевка-150 500 тоннаро ташкил дода, серҳосил, ба шароити иқлими Тоҷикистон мутобиқ буда, ба зиёда аз 7000 хоҷагиҳои хурди ниёзманди ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидааст.

Loading

X