Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷамъоварии картошкаи тухмӣ дар минтақаи в.Суғд.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” барои рушди соҳаи тухмипарварӣ соли ҷорӣ низ тухмии картошкаи хушсифати дорои сертификати гурӯҳи элитаи навҳои «Эволюшен», «Пикассо» ва «Аризона»-ро ба кишоварзони хоҷагиҳои тухмипарвари миқёси ҷумҳурӣ (баҳрагирандагон) дастрас намуд.

Соли ҷорӣ бо мусоид омадани боду ҳаво ва риояи саривақтии агротехникаи парвариш ҳосилнокии зироатҳо махсусан картошка хуб гардида, айни ҳол дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ, Деваштич, Шаҳристон ва шаҳри Исфараи вилояти Суғд ҷамъоварии он оғоз гардидааст.

Мутахассисони соҳа дар рафти муайян намудани ҳосили интизорӣ маълум намуда буданд, ки ҳосили имсола хеле хуб буда, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ қадамҳои устувор мегузорад.

Ҳамчунин дар рафти сафари хизматӣ мутахассисони муассиса ҷиҳати риояи талаботҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа дар сатҳи хоҷагиҳои тухмипарвар, мониторинги шароити меҳнат аз он ҷумла шароити меҳнати фермер-занон, меҳнати ноболиғон, риояи қоидаҳои бехатарӣ, дар баробари он мониторинги анбор ва тарзи нигаҳдории тухмии гандум барои захира аз назар гузаронида шуд.

Loading

X