Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email
Тантанаи ҷашни истиқлол дар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”
 
Санаи 06.09.2024 дар толори Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
 
Сараввал ҷаласаи тантанавиро директори муассиса Далер Саторӣ оғоз намуда, ҳозиринро ба ин ҷашни бошукӯҳ самимона табрик намуданд. Ҳамҷунин иброз доштанд, ки шукронаи истиқлолият, шукронаи ободӣ ва шукронаи Ваҳдати миллӣ, ки бо шарофат ва ташаббусу талошҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари соҳибистиқлоламон ба дастовардҳои бузург ноил гардида, мардуми он дар фазои сулҳу субот, якдигарфаҳмӣ ва ваҳдату ягонагӣ умр ба сар мебаранд.
 
Дар замони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамонро гузоштем ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Вале неъмати пурқиматтарин ва дастоварди бузургтарини мо Истиқлоли давлатӣ мебошад.
 
Халқи бошарафу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлат дар раванди барқарорсозӣ ва ташакули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ анҷом дода, ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастаанд.
 
Сипас як қатор кормандон оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуда, Истиқлолияти комили кишварро ҳамчун неъмати бебаҳо, арзишмандтарин дастоварди миллат, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, арзёбӣ намуданд.
 
Дар фарҷом роҳбари муассиса бори дигар ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати ин санаи муҳим табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназирро орзу намуданд.

Loading

X