Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кучаи 1-май, х. 432

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ҷамъоварии пахта дар вилояти Хатлон бо маром идома дорад

Соли ҷорӣ тибқи нақша дар майдони 2366 гектар пунбадонаи гурӯҳи элитаи навъҳои “Лазер”, “Лима”, “Рамсес” аз ҳисоби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ба хоҷагиҳои тухмипарвар ва дигар ташкилоту муассисиаҳои кишоварзии ҳудуди вилоят кишт карда шуд.

Кишоварзони вилоят тавонистанд бо риояи агратехникаи парвариш нашъунамои зироати пахтаро хуб намуда, мехоҳанд аз он ҳосили баланд ба даст биёранд.

Мутахассисони соҳа дар вақти гузаронидани апробатсия муайян намуданд, ки ҳосилнокӣ пахтазор хело хуб буда, дар ҳолати мутадил омадани обу ҳавои фасли тирамоҳ ҳосили баланд ба даст меоранд.

Айни ҳол ҷамъоварии ҳосил дар ноҳияҳои Шаҳритус, “ХД Қудрат Раис”, “ХД Шоҳзамонбобо”, Қубодиён КТ “Авесто-5”, Ҷ.Балхӣ КТ,“Н.Бегов”, Вахш КТ “Нуфузи Вахш”, КТ “Аслам” ва ноҳияи Фархор КТ “Шамшод-05”, КТ “Дустӣ-60”, КТ “Шоҳи Аҳтамҷон” бо маром идома дошта, дар баъзе аз хоҷагиҳои болозикр алакай чинаки якумро ба итмом расонидаанд.

Хоҷагидорон аз ин дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудан бо тухмиҳои хушсифати дорои сертафикат қаноатманд буда, барои саривақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта камари ҳиммат бастаанд.

Loading

X