Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Ташрифи мутахассисони муассиса ба хоҷагиҳои тухмипарвари вилояти Хатлон

Кишоварзони вилояти Хатлон аз мусоид омадани боду ҳавои имсола самаранок истафода намуда, ҳар ваҷаб заминҳои хоҷагиро оқилона истифода менамоянд то аз он ҳосили дилхоҳ ба даст биёранд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳафтаи ҷорӣ аз рафти корҳои саҳроӣ, нашъунамои зироатҳои кишоварзӣ ва ҳолати воқеии анборҳои хоҷагиҳои тухмипарвар, ки барои захира намудани тухмии зироатҳо, нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо пебинӣ гардидааст дидан намуданд.

Имрӯзҳо кишоварзону хоҷагидорон (баҳрагирандагони лоиҳа) баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон пайваста меҳнати софдилона намуда, сари вақт чорабиниҳои агротехникиро дар майдонҳои кишти пахтазор ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба роҳ мондаанд.

Айни ҳол майдонҳои зироати ғалладонагӣ (гандуми гурӯҳи элитаи навъҳои “Тимирязовка -150”, “Аликсеич” ва “Гром”) пас аз ба анҷом расонидани ғизодиҳӣ пурра аз алафҳои бегона тоза намуда, нашъунамошон хуб мебошад.

Майдонҳои кишти тухмии пумбадона, ки дар ҳолати дубаргагӣ қарор доранд, кормандони хоҷагиҳо дастаҷамъона коркарди байни қаторҳо (сафолакшиканӣ) ва култиватсияро ба роҳ мондаанд.

Ҳамзамон дар рафти корҳои саҳроӣ мутахассисон ҷиҳати риояи талаботҳои иҷтимоиву экологии лоиҳа ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба шароити меҳнатии кормандон, риояи корҳои агротехникӣ, тарзи дурусти захира намудани тухмиҳои зироатҳои кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо дар анборҳо ва бехатарии истифодабарии онҳо бо роҳбарону кишоварзони хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти корӣ анҷом дода, оид ба тарзи дуруст захира намудан ва нигоҳдории тухмӣ ва нуриву заҳрхимикатҳо дар амборҳои хоҷагӣ ба ҳар яки онҳо тавсиянома дартрас карда шуд.

Loading

X