Хабарҳо 08.02.2024 Мулоқоти корӣ оид ба бунёди маркази агрологистикӣ дар вилояти Суғд Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти 2 лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 6 феврали соли ҷорӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Суғд, мутахассисони масъули Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ширкатҳои Софреко ва Барс Кансалтинг оид ба бунёди маркази агрологистикӣ дар вилояти Суғд мулоқоти корӣ анҷом доданд. Ҳадаф аз мулоқоти корӣ ин сохта ба истифода додани маркази агрологистикӣ дар вилоят буда, барои баланд бардоштани сифати маҳсулоти кишоварзӣ, дароз намудани муҳлати нигоҳдории онҳо, тариқи навъҳо ҷудо намудану ба роҳ мондани басту банд ва ба содирот нигаронидани маҳсулотҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.