Хабарҳо 30.11.2023 Ҷаласа оид ба таҳлил ва натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳа Дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи 29 — уми ноябри соли ҷорӣ дар толори васеъи Бонки умумиҷаҳонӣ бинои “Созидание” бо иштироки роҳбарияти Вазорати молия, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мулоқоти корӣ ҷиҳати натиҷагирӣ аз рафти татбиқи лоиҳа сурат гирифт. Дар мулоқот фаъолияти Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, иҷрои саривақтии вазифаҳо ва фаъолияти лоиҳа аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа қоноатбахш ҳисобида шуд. Ҳамчунин барои бомувафақият ва самаранок амалӣ намудани лоиҳаи мазкур машваратҳои судман аз ҷониби масъулин пешниҳод карда шуд.