Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
Print Friendly, PDF & Email

Табрикоти директори МД “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Конститутсия кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон буда, асоси пойдории Ҷомеа ва давлат ба ҳисоб меравад.

«Халқе, ки дар замираш тухми бунёдкорӣ ва созандагӣ сабз шудааст, ба ояндаи нек умед баста метавонад. Конститутсияи кишвари мо аз замири халқ рӯида, моро ба ояндаи неку обод раҳнамоӣ мекунад».   

                                          Эмомалӣ Раҳмон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол санади олии ҳуқуқест, ки дар қатори дигар арзишҳо, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон карда, ҳамзамон омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати ҷамъиятро муайян менамояд. Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошад, мустаҳкам намуда, ӯҳдадории давлатро оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муқаррар менамояд. Конститутсия, ин санади сарнавиштсоз барои таъмини сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ замина гузошт ва омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, мардуми он дар як фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ ва руҳияи якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд.

Бояд гуфт, ки Конститутсия хусусияти миллӣ дорад, зеро он ба иродаи мардуми сарбаланди кишвар қабул гардида, дар он ҳуҷҷати муҳим суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи халқи фарҳангсолори тоҷик инъикос ёфтааст.

Вазъи мураккаби сиёсии баъзе минтақаву давлатҳои ҷаҳон бори дигар ҳар як фарди Ҷомеаро водор месозад, ки қадру манзалати зиндагисози сулҳу оромиро хуб дарк намуда, дар доираи Конститутсия ва қонунҳо ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон талош варзанд.

Дар ин ҷода ба ҳар яки Шумо, ҳамкасбони гиромиқард рӯҳи матин, нерӯи тоза ва дастовардҳои назаррас орзумандам ва бовар дорам, ки ҳадафҳои созандаву бунёдкорона минбаъд низ илҳомбахши ҳар як фарди бонангу номуси кишвар хоҳад буд.

Loading

X