ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ МУАССИСА БАХШИДА БА РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор дорад ва бо ин ҳама арзишҳои фарҳангӣ то замони мо маҳз тавассути забон ба ёдгор монда ва ба воситаи забон шинохта шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҷашнгирии рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол бо тантана ҷашн гирифта мешавад.
Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва боло рафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст.
Имрӯзҳо дар ҷаҳон 7100 забонҳои гуногун мавҷуд буда, танҳо 100 номгӯи он мақоми давлатиро соҳиб гаштааст.Агарчи миёни 7100 забонҳои гуногуни дунё забони тоҷикӣ ҷои 23-юмро ишѓол кунад ҳам қадру қиммат, мақому манзалати он рӯз аз рӯз боло рафта истодааст.
Аз ин рӯ ҳар яки моро низ лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ, пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори хӯшёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсозу кӯҳнабунёди Тоҷикистони азиз бошем.
Аз фурсати муносиб истифода бурда ҳамаи Шумо кормандони гиромиқадр ва дар симои Шумо кулли мардуми шарифи кишварамонро бо Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, бароятон сиҳатманиву сарбаландӣ, кору пайкори накӯ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Бо эҳтиром
Директор Саторӣ Д. А.