Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

РАФТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МАРКАЗИ АГРОЛОГИСТИКӢ ДАР НОҲИЯИ Ҷ.БАЛХӢ-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати афзун намудани молу маҳсулоти кишоварзӣ, коркард, пешгирӣ аз талафёбии ҳосил, нигаҳдорӣ ва бастубанди он баҳри содирот ба хориҷи кишвар дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ маркази агрологистикӣ бунёд карда мешавад.

Маркази агрологистикӣ дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо имконияти коркард, бастубанд ва нигоҳдории зиёда аз 1200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ бо тарҳи нави муосир бунёд гардида мушкилоти кишоварзонро осон мегардонад.

Бунёди ин иншооти бузург дар масоҳати ду гектар ба нақша гирифта шуда, корҳо дар иншоот бо маром идома доранд.

Аз руи лоиҳа иншооти мазкур иборат аз шаш сардхонаи алоҳида, ки ҳар як кадом бо ғунҷоиши 200 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, толори калони қабули маҳсулот, ҷои ба навъҳо ҷудо кардан, бастубанд, тамғагузорӣ инчунин озмоишгоҳи алоҳида барои муайянсозии таркиби маҳсулот ва дигар утоқҳои корӣ тибқи талаботи бозори ҷаҳонӣ дар назар гирифта шуда, аз рӯи нақша сохтмони он соли 2026 ба анҷом мерасад.

Loading

X