Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ” ЗАМИНҲО ДАВРА БА ДАВРА ОБЁРӢ МЕГАРДАНД.

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи лоиҳа барои шодоб гардонидани заминҳои кишоварзӣ ҷораҳои зарурӣ амалӣ менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳа барои обёрӣ намудани заминҳои муассисаҳои илмии ниҳодҳои Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кандани 4 адад чоҳҳои амудӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз он амалӣ гардид ва айни ҳол мавриди истифода қарор доранд.

Муассиса дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бо оби полезӣ таъмин намудани хоҷагиҳои ниёзманди кишвар кандани чоҳи амудиро ба роҳ мондааст.

Ҳафтаи ҷорӣ дар хоҷагии деҳқонии “Равшанбек”-и ноҳияи Шаҳристон мутахассисони минтақавии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар вилояти Суғд дар доираи лоиҳа бо иштироки коргарони ширкате, ки ба корҳои пармакунии чоҳи амудӣ ҷалб гардидаанд ҷаласаи ҷамъиятӣ оид ба иҷроиши корҳои пармакунии чоҳи амудӣ, барои обёрӣ намудани заминҳо баргузор намуданд.

Мутахассисони муассиса аз оғози корҳои пармакунии чоҳи амудӣ дар хоҷагии деҳқонии Равшанбек дидан намуда, бо дарназардошти иҷроиши нозукиҳои кор ва сари вақт бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои ба нақшагирифташуда тавсияҳои судманд пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин дар марҳилаи оғозёбии корҳои пармакунӣ ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист бо дарназардошти фикру мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, тибқи талаботҳои стандартҳои иҷтимоиву экологӣ Бонки ҷаҳонӣ, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботҳои меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва механизми баррасии арзу дархостҳо маълумотҳои муфассал пешкаш карда шуд.

Ҳамчунин ҷиҳати таъмин намудани обҳои полезӣ барои хоҷагиҳои ниёзманди кишвар дар доираи лоиҳа боз якқатор кандани чоҳҳои амудӣ дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дошта, дар назар аст, ки тибқи нақша соли ҷорӣ давра ба давра он дар миқёси кишвар амалӣ карда мешавад.

Loading

X