Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ТУХМИИ ХУШСИФАТ КАФОЛАТИ СЕРҲОСИЛИИ ЗИРОАТҲО, РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Кишоварзони вилояти Хатлон аз фаровон гардидани ҳосили имсолаи пахта хушҳол гардида, ҳама дастаҷамъона барои ҷамъоварии ҳосили он камари ҳиммат бастаанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, то фарорасии сардиҳо ҳосили дар саҳробудуро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Қобили зикр аст, ки Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ махсусан пахта соли ҷорӣ пеш аз мавсими кишт ба миқдори 106,2 тонна тухмии хушсифату дорои сертификати навъҳои гуногуни пахтаро дастраси хоҷагиҳои тухмипарвару инфиродӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои кишоварзии вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) гардонида буд.

Айни ҳол ҷамъоварии ҳосили пахта бо маром идома дошта, қисме аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дурнамои ҳосили пахтаро сари вақт ба анҷом расонидан. Ҳосил дар қитъаҳои пахтазор ҳоло ҳам фаровон буда, кишоварзон дастаҷамъона ҷамъоварии ҳосили пахтаро бо суръат идома дода, истодаанд.

Қобили зикр аст, ки бинобар мусоид омадани боду ҳавои имсола ва меҳнати софдилонаи кишоварзон нашъунамои ҳамагуна зироатҳо дар минтақаи кишовар хело хуб буда, ҳосилнокиашон низ фаровон гардидааст.

Кишоварзон аз ин дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳирии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” қаноатманд гардида, изҳори сипос намуданд.

Loading

X