ДАСТГИРИИ ЧОРАБИНИҲОИ УМУМИҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА ТАЪМИНИ МИКРОНУТРИЕНТҲО ВА ИЛОВАҲОИ ВИТАМИНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ КАТС
Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” дар мавзӯи “Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои КАТС” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” мизи мудаввар доир гардид, ки дар он сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Набиев, сафири некуирода оид ба бемориҳои саратони занона Хайринисо Юсуфӣ, муовини директори Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» Боймурод Қурбонзода, роҳбарони марказҳои солимии репродуктивӣ ва намояндагони муассисаҳои тандурустӣ, ки самти фаъолияташон ба солимии модару кӯдак равона шудааст, иштирок намуданд.
Зимни ифтитоҳи мизи мудаввар сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Набиев иброз дошт, ки ҳолати беҳтар гардидани вазъи ғизо барои мустаҳкам намудани саломатии аҳолӣ хеле зарур мебошад.
Гуфта шуд, ки риоя накардани талаботҳои ғизо ба зиёдшавии фавти модарон ва кӯдакон оварда мерасонад. Дар натиҷаи ғизои нопурраи модарон ва кӯдакон ҳар сол дар миқёси ҷаҳон садҳо ҳазор нафар мефавтанд.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ», ки аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузорӣ карда мешавад, дар чорчубаи фаъолияти бахши барномаи «Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ дар муассисаҳои тиббӣ» амалӣ мегардад, ки дар асоси дастгирии ғизо барои рушди Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Тоҷикистон барои то соли 2030, аз он ҷумла бахши 3 Бехатарии озуқаворӣ ва дастрасии ғизои босифат пешбинӣ шудааст.
Дар чорчубаи иҷрои чорабинии «Баланд бардоштани устувории соҳаи кишоварзӣ» харидорӣ ва микронутриентҳо барои занони ҳомила ва иловаҳои витаминӣ барои дастрас намудани кӯдакони аз 6 моҳа то 59 моҳа дар асоси тавсияҳои клиники амалӣ месозад.
Ин чорабинӣ бо гузаронидани барномаҳои омузишӣ барои баланд бародоштани сатҳи дониши мутахассисони КАТС ва ҷалби васоити ахбори омма пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади ҳифзи солимии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳои ба ғизо алоқаманд тавассути ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда”-ро қабул намуд. Дар доираи амалисозии қонуни мазкур “Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №415 тасдиқ гардид.
Дар идомаи мизи мудаввар як қатор иштирокчиён вобаста ба амалисозии зеркомпоненти лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» ва «Дастгирии чорабиниҳои умумиҷумҳуриявӣ оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ» фикру андешаҳои худро пешниҳод карданд.
![]()
![]()

