Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «МУҲОФИЗАТИ РАСТАНИҲО ВА ХИМИКУНОНИИ КИШОВАРЗӢ» ДАР НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВИ В.СУҒД

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳамасола ҷиҳати тадбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” таъмири пурраи бинои Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ»-ро дар ноҳияи Б.Ғафурови в.Суғд оғоз намуд.

Бинои Муассисаи давлатии «Муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ» аз замони шӯравӣ (соли 1985) фаъолият дошта, барои муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ дар вилоят саҳмгузор аст.

Бинобар сабаби тули солиёни зиёд ба таъмири асосӣ ниёз доштани бинои мазкур моҳи сентябри соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” корҳои таъмирӣ оғоз гардида, дар доираи лоиҳа болопӯши бино, ҳамворкунии деворҳо, рангубори дохили бино, фарш, шифт (сақф) бо иваз намудани дару тирезаҳо бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Ҳамчунин даромадгоҳи бино, таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва қандилҳо пурра иваз гардида, бо сифати хуб ва тарҳи замонавӣ таъмир карда мешавад.

Айни ҳол корҳои таъмиру аз навсозӣ дар дохили бино ва болопӯшу беруни он бо маром идома дошта, коргарон дар рафти корҳои таъмирӣ барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмириро ба инобат гирифта, бо сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом мерасонанд.

Дар рафти корҳои таъмирӣ муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса ба коргароне, ки ба кори таъмирӣ ҷалб гардидаанд дар марҳилаи рафти корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуданд.

Loading

X