Хабарҳо 03.10.2025 ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ” Санаи 03.10.2025 дар толори муассиса бахшида ба таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили “Рӯзи забони давлатӣ” самимона табрику шодбош гуфтанд. Ҳамчунин иброз карда шуд, ки ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору ҷовидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳои зиёд кашидаанд ва ҷонбозиҳо кардаанд. Ҷашнгирии Рӯзи забон яке аз падидаҳои мубораки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мебошад, ки мисли дигар суннатҳои бостонии миллии мо ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Истиқлолияти давлатӣ на танҳо ба асолати забони ноби тоҷикӣ мусоидат кард, балки ба рушду такомул, густариш ва болорафтани мақоми он шароити заруриро фароҳам овард. Махсусан, хидмату саъю талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тозаю беолоиш нигоҳ доштани забони давлатӣ беназир аст. Сарвари давлат дар бештари вохӯрию мулоқотҳояшон оид ба покизагии забон, нигаҳдории фарҳанги воло бо дилсӯзӣ ва эҳсоси масъулияти бузург сухан мегӯянд ва дастуру супоришҳои муфид медиҳанд. Сипас муовини директор ва раиси иттифоқи касабаи кормандони муассиса оид ба “Забон ҳастии миллат” ва “Покиза нигоҳ доштани забони волою шевои тоҷикӣ” суханронӣ намуда, аз ашъори шоирон дар бобати забон шеърҳо қироат карданд. Инчунин филми мустанаде, ки аз давраҳои пайдоиш ва нигоҳдории он аз замонҳои мушкил қисса мекард пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар фарҷом бори дигар кулли кормандон ва меҳмононро бо ин рӯзи фархунда табрику муборакбод гуфта, сиҳатмандиву сарбаландӣ, рузгори осуда ва комёбиҳои беназирро таманно намуда, иброз доштанд; Имрӯзҳо ҳар яки моро лозим меояд, ки ин муқаддасоти миллиамонро, ки баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бо нангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва куҳанбунёди Тоҷикистони азиз бошем.