Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ҶАМЪОВАРИИ ЗИРОАТИ КАРТОШКА ДАР ВМКБ

Картошка дар қатори дигар зироатҳо яке аз маҳсулотҳои асосӣ миёни аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, тибқи талабот солҳои охир майдони кишти он то рафт меафзояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ дар давраи кишти картошка 1400 тонна тухмиҳои хушсифати дорои сертификати навъҳои Аризона, Эвалюшен ва Пикассо-ро дастраси хоҷагиҳои ниёзманди ҷумҳурӣ (баҳрагирандагони лоиҳа) гардида буд.

Кишоварзони ВМКБ дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ соли ҷорӣ 70 тонна тухмии хушсифати дорои сертификати навъи Аризона, ки ба шароити иқлим мутобиқ ва серҳосил аст сари вақт кишт намуда, пас аз риояи дурусти агротехникаи парвариш имрӯзҳо самараи ҳосили фаровони онро ҷамъоварӣ менамоянд.

Айни ҳол ҳосили картошка дар саҳро фаровон буда, кишоварзон кӯшиш менамоянд, ки сари вақт ва беталаф онро ҷамъоварӣ намоянду ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди соҳаи тухмипарварӣ дар вилоят қадамҳои устувор гузоранд.

Кишоварзони ВМКБ аз ин иқдоми пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати дастгирӣ бо техника ва мошинолотҳои муосири кишоварзӣ, тухмиҳои хушсифат, бунёди гармхонаҳои доимоамалкунанда ва таъмири биноҳои муассисаҳои илмӣ изҳори сипос менамоянд.

Loading

X