Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди соҳаҳои гуногуни кишвар нақшаҳои нав роҳандозӣ намуда, барои ба дастовардҳои беназир ноил гардидан пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Кишоварзони вилояти Хатлон аз фаровон гардидани ҳосили имсолаи пахта хушҳол гардида, ҳама дастаҷамъона барои ҷамъоварии ҳосили он камари ҳиммат бастаанд. Онҳо кӯшиш менамоянд, ки аз боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, то фарорасии сардиҳо ҳосили дар саҳробударо сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд.

Айни ҳол дар ҳудуди вилоят дастаҷамъона ҷамъоварии ҳосили пахта бо суръат идома дошта, кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) дар ҳар чиниш аз 14 то 18 с/га ҳосил ба даст оварда истодаанд, ки аз фаровонҳосилии ин зироат дарак медиҳад. Қобили зикр аст, ки бинобар мусоид омадани боду ҳавои имсола ва меҳнати софдилонаи кишоварзон нашъунамои ҳамагуна зироатҳо дар минтақаи кишвар хело хуб буда, ҳосилнокиашон низ фаровон ба назар мерасад.

Лозим ба ёдоварист, ки Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ махсусан пахта соли ҷорӣ пеш аз мавсими кишти пумбадона ба миқдори 106,2 тонна тухмии хушсифату дорои сертификати навъҳои туркии Лазер, Лима ва навъи хитоии Ҷонгмянг 113-ро дастраси хоҷагиҳои тухмипарвару инфиродӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои кишоварзии вилоят (баҳрагирандагони лоиҳа) гардонида буд.

Кишоварзон аз ин дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳирии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” қаноатманд гардида, изҳори сипос менамоянд.

Loading

X