Хабарҳо 18.09.2025 КИШОВАРЗОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД ДАСТАҶАМЪОНА БАРОИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА КАМАРИ ҲИММАТ БАСТААНД Имрӯзҳо кишоварзони мамлакат дастаҷамъона аз ҳавои мусоиди фасли тирамоҳ самаранок истифода намуда, барои сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили пахта камари ҳиммат бастаанд. Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» дар мавсими кишти пахта навъҳои чигити хушсифати дорои сертификат дастраси кишоварзони кишвар (баҳрагирандагони лоиҳа) гардида буд. Кишоварзон аз ин дастгириҳои пайвастаи муассиса қаноатманд гардида, дар натиҷаи меҳнати софдилона ва риояи дурусти агротехникаи парвариш нашъунамои пахтаро хуб ва ҳосилнокиашро хеле баланд бардоштанд. Мутахассисони минтақавии муассиса имрӯзҳо аз рафти ҷамъоварии ҳосили пахтаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тухмипарварии шаҳри Конибодом, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Ашт, Спитамен ва Ҷ. Расулов дидан намуда, бо роҳбарони хоҷагиҳо ва кишоварзон мусоҳибаҳо анҷом дода истодаанд. Кишоварзон аз он хушҳоланд, ки тухмиҳои аз муассиса дастрасгардида нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ бартариҳои зиёд дошта, ба тағйирёбии иқлим мутобиқ буда, ҳосили зиёд низ ба бор оварда истодааст. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят дастаҷамъона чиниши ҳосили пахта бо маром идома дошта, кишоварзон аз ҳар чиниши пахта 17-18 с/га ҳосил ба даст оварда истодаанд, ки барои иҷрои дурнамо иқдоми нек аст. Онҳо азм доранд, ки сари вақт ва беталаф пеш аз сармо ҳосили дар саҳробударо ҷамъоварӣ намуда, нақшаи дар пешистодаро пурра иҷро менамоянд.