ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “РУШДИ СОҲИБКОРӢ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ”
Санаи 06.09.2025 дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ба ифтихори ҷашни 34 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор карда шуд.
Сараввал ҷаласаи тантанавӣ бо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида, ҳама дастаҷамона онро суруданд.
Сипас директори муассиса Далер Саторӣ ҳозиринро ба ин ҷашни бошукӯҳ самимона табрик намуданд. Ҳамҷунин иброз доштанд: Истиқлолият беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққӣ ва заминасозии ҳузур дар арсаи ҷаҳонӣ ҷиҳати инкишоф ва ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ ба шумор меравад.
Он волотарин ва арзишмандтарин дастоварди миллат, бақои давлат, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввияту озодӣ, ифтихору номус, симои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлатии тоҷикон мебошад.
Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар даврони соҳибистиқлолӣ имконият пайдо намудем, ки мардуми кишварамонро ба таври шоиста ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем.
Имрӯз аз баракати истиқлол миллатеро бо номи тоҷик ва кишвареро бо номи Тоҷикистон кулли мардуми сайёра мешиносад ва дар арсаи ҷаҳонӣ он мақоми хосаеро дорост.
Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат ҷашни муқаддас буда, ҳифз ва устувории пояҳои он вазифаи нахустини ҳар як шахси баору номуси кишвар мебошад.
Дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби ному иззат шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ дар давлати озоду мустақили хеш дошта бошад.
Халқи бошарафу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлоли давлатӣ дар раванди барқарорсозӣ ва ташакули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ анҷом дода, ба хотири ободии Ватан раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муассисаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт. Дар натиҷа, имрӯз бисёр мушкилоти мо ҳаллу фасл гардида, мардуми заҳматқаринамон барои ҳалли вазифаҳои боз ҳам бузурги ободгарона камари ҳиммат бастаанд.
Мо бояд аз ин миллати баруманд ифтихор намоему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу ғайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям: Бигзор ҷашни муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад!
Сипас як қатор кормандон оид ба дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ баромадҳои пурмуҳтаво намуда, Истиқлолияти комили кишварро ҳамчун неъмати бебаҳо, арзишмандтарин дастоварди миллат, рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ, нишонаи ҳуввият ва озодӣ, ифтихор ва номус, арзёбӣ намуданд. Филми мустанаде, ки баёнгари арзишҳои миллӣ буд пешкаши кормандон карда шуд.
Дар фарҷом роҳбари муассиса бори дигар ҳозирин ва дар шахсияти онҳо тамоми мардуми шарифи кишварро ба муносибати ин санаи муҳим табрик намуда, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирӯзӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаатон барору комёбиҳои беназирро орзу намуданд.