Омузишҳо Хабарҳо 04.09.2025 БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲОИ ОМӮЗИШӢ ДАР МИҚЁСИ КИШВАР ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ “БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ КИШОВАРЗӢ” Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятии “Амон”, “Агро — Сервис Консалтинг” ва “Машварати расонавӣ” оид ба масоили марбуд ба ғизо, омӯзишу машварадҳоро ҷиҳати такмили савияи дониши кишоварзон, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кормандони сохторҳои Вазорати кишоварзӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ба роҳ мондааст. Мутахассисони Муассисаи давлатии Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Агро — Сервис Консалтинг” дар толори Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон семинар — омӯзиш ва корҳои таблиғотиро дар самти ғизои солим таҳти унвони “Ғизои дуруст — асоси тарзи ҳаёти солим” баргузор намуданд. Ин чорабинии омӯзишӣ олимону мутахассисони соҳа тавассути рунамо баромадҳо намуда, иброз доштанд: Лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бевосита бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, татбиқи он дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳбуд бахшидан ба сифати ғизои аҳолӣ, тезондани диверсификатсияи соҳаи кишоварзӣ дар деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ барои занон мусоидат менамояд. Дар чорабинӣ олимони ҷавони Институти биологии Помир ба номи академик Х.Ю. Юсуфбекови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, олимони Маркази илмии кишоварзии Помир АИКТ, кормандони Раёсати кишоварзии ВМКБ, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонӣ-фермерӣ иштироки фаъолона намуда, ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ ва барои ташкилкунандагони ин семинар – омӯзиш изҳори миннатдорӣ намуданд. Чунин семинар-омӯзишҳо дар ноҳияҳои Мурғоб, Роштқалъа, Ишкошим, шаҳри Хоруғ гузаронида шуда, баргузрии онҳо дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвози ВМКБ низ дар назар аст.