ҶАМБАСТИ САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ ҶИҲАТИ ШИНОСОӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ АГРОЛОГИСТИКИИ КИШВАРҲОИ ФАРОНСА ВА ИТОЛИЁ
Дар идомаи сафари корӣ бо мақсади шиносоӣ аз таҷрибаи кишвари Итолиё дар самти бунёд ва фаъолияти марказҳои агрологистикӣ ҳайати гурӯҳ тибқи нақша ҷиҳати табодули таҷриба аз кооперативи бузурги РЕНОВА-и, ки ба фаъолияти тадқиқотию машваратӣ ва технологии кишоварзӣ дар минтақаи Эмилия Романяи Итолиё фаъолият мебарад ташриф оварданд.
Аз ҷониби коршиносони кооперативи мазкур тариқи рунамо ҷиҳати ҳамкориҳои муштарак бо фермерон, соҳибкорон ва мутахассисони муассисаҳои давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба иштирокдорон маълумоти муфассал дода шуд.
Дар рӯзи дигар ҳайати гурӯҳ аз кооперативи АПО Фрут (АPO Fruit) ки таҷрибаи беш аз 60 сола дар бозори меваю сабзавот дорад дидан намуда, бо фермерони узви кооператив мулоқоти корӣ анҷом дода шуд.
Ширкати мазкур дар саросари Итолиё 12 корхонаи коркард ва 12 нуқтаи қабул ва нигоҳдории маҳсулот дошта, беш аз 2700 шабакаи истеҳсолкунандаи маҳсулот, ки ҳар сол 143 ҳазор тонна маҳсулоти тару тозаро таҳвил мекунад.