Хабарҳо 02.09.2025 ДАСТГИРИИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАР ДАР ДОИРАИ ЛОИҲА Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» ҷиҳати рушди соҳа пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҳудуди гирду атрофи замини ниҳолхонаи хоҷагии ниҳолпарварии Данғараи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии хоҷагиҳои ниҳолпарвари “Тоҷикниҳолпарвар”-и Вазорати кишоварзиро дар масоҳати 2435 метри мураббаъ (9,1) га бо баландии 2м бо панҷараҳои симину оҳанин маҳкам намуд. Роҳбарияти хоҷагӣ барои маҳкам намудани гирду атрофи майдони ниҳолхона ҷиҳати ҳифзу эмин нигоҳ доштан аз чорвои хурду калони аҳолӣ изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.