Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ БОЗСОЗӢ ДАР МД “КОМИССИЯИ ДАВЛАТИИ ОЗМОИШИ НАВЪИ ЗИРОАТҲОИ КИШОВАРЗӢ ВА МУҲОФИЗАТИ НАВЪҲО” ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳамасола ҷиҳати тадбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди пешрафти соҳаи кишоварзӣ пайваста кушиш ба харҷ медиҳад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимӣ, озмоишгоҳҳои ниҳодҳои Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва дигар иншоотҳои зарурӣ давра ба давра бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифодабарӣ қорор мегиранд.

Ҳамаи ин корҳои сохтмониву барқарорсозӣ ва бунёдкориву сабзу хуррамгардонӣ самараи Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдати комил буда, Ҳукумати кишвар паи рушди соҳаҳои гуногуни он пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Иншооти навбати барои таъмири пурра ин Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо” дар ноҳияи Вахш мебошад.

Муассисаи мазкур бинобар сабаби ба таъмир асосӣ ниёз доштан соли ҷорӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳа болопӯши бино, ҳамворкунии деворҳо, рангубори дохили бино, фарш, шифт (сақф) бо иваз намудани тару тирезаҳо бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ мегардад.

Ҳамчунин даромадгоҳи бино, таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва қандилҳо пурра иваз гардида, дар шафати бино як амбор барои нигоҳдории тухмиҳои гуногуни зироатҳо бунёд мегардад.

Айни ҳол корҳои таъмиру аз навсозӣ дар дохили бино ва беруни он бо маром идома дошта, коргарон дар рафти корҳои таъмирӣ барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмириро ба инобат гирифта, бо сифати баланд дар муҳлати муайянгардида ба анҷом мерасонанд.

Дар рафти корҳои таъмирӣ муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса ба коргароне, ки ба кори таъмирӣ ҷалб гардидаанд дар марҳилаи рафти корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуданд.

Loading

X