Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

РАФТИ КОРҲОИ АПРОБАТСИОНИИ ЗИРОАТИ ПАХТА ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ТОБЕЪИ ҶУМҲУРӢ

Имрӯзҳо кишоварзони кишвар аз ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, бо риояи агротехникаи парвариши зироатҳо корҳои саҳроиро сари вақт иҷро менамоянд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дар миқёси шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ апробатсияи корҳои таҳқиқотии зироати пахтаро баргузор намуда, ҳосили интизории биологии онро муайян менамоянд.

Дар рафти корҳои апробатсионӣ мутахассисони муассиса дар якҷоягӣ бо роҳбарони хоҷагиҳо ҳосили биологии ин зироатро муайян намуда, барои таъмини нақшаи дуранамо чораандешӣ менамояд.

Таҳлили корҳои апробатсионӣ нишон медиҳад, ки нашъунамо ва ҳосилнокии зироати пахта нисбат ба соли гузашта хеле хуб буда, кишоварзон метавонанд бо риояи агротехникаи парвариш то ҷамъоварӣ ҳосили онро боз ҳам афзун намоянд.

Loading

X