Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

КОРҲОИ АПРОБАТСИОНИИ ЗИРОАТИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД

Кишоварзони вилояти Суғд (баҳрагирандагони лоиҳа) соли ҷорӣ дар ҳавои мусоид заминҳои кишоварзиро бо риояи агротехникаи парвариш самаранок истифода намуда, нашъунамои зироатҳоро хуб ва ҳосилнокиашонро баланд бардоштанд.

Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилоят апробатсияи корҳои таҳқиқотии зироати пахтаро баргузор намуда, ҳосили интизории биологии онро муайян менамоянд.

Дар рафти корҳои апробатсионӣ мутахассисони минтақавии муассиса дар якҷоягӣ бо намояндагони Вазорати кишоварзӣ ва роҳбарони хоҷагиҳо ҳосили биологии ин зироатро муайян карда, барои таъмини нақшаи дуранамо чораандешӣ менамояд.

Тухмиҳои хушсифате, ки соли ҷорӣ аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳа дастраси баҳрагирандагони лоиҳа гардида буд, нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ бартариҳои зиёд дошта, ҳосилнокиашон хело хуб мебошад.

Таҳлили корҳои апробатсионӣ нишон медиҳад, ки нашъунамо ва ҳосилнокии зироати пахта нисбат ба соли гузашта хеле хуб буда, кишоварзон метавонанд бо риояи агротехникаи парвариш то давраи ҷамъоварӣ, ҳосилнокии онро боз ҳам афзун намоянд.

Loading

X