Хабарҳо 01.08.2025 РАФТИ КОРҲОИ АПРОБАТСИОНИИ ЗИРОАТИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН Мутахассисони Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» дар якҷоягӣ бо мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии амнияти озуқаворӣ, роҳбарони хоҷагиҳо ҷиҳати иҷрои фармоиши Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси вилояти Хатлон апробатсияи корҳои таҳқиқотии зироати пахтаро баргузор намуда истодаанд. Ҳайати гурӯҳ дар рафти корҳои апробатсионӣ ҳосили интизории зироати пахтаро муайян намуда, барои таъмини нақшаи дуранамо чораандешӣ менамояд. Тухмиҳои хушсифате, ки имсол низ аз ҷониби муассиса дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” дастраси кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) гардида буд, нисбат ба тухмиҳои маҳаллӣ бартарии зиёд дошта, ҳосилнокиашон хело хуб мебошад. Кишоварзони мамлакат (баҳрагирандагон) пас аз истифодаи тухмиҳои хушсифат собит намуданд, ки тухмии хушсифат кафолати серҳосилӣ дошта, дар натиҷаи риояи агротехникаи парвариш онҳо тавонистанд ҳосилнокии зироатро ба маротиб афзоянд. Айни ҳол мутахассисони соҳа дар миқёси вилояти Хатлон апробатсияи корҳои таҳқиқотии зироати пахтаро бо маром идома дода, ҳосили интизории онҳоро муайян менамоянд. Таҳлили корҳои апробатсионӣ нишон медиҳад, ки ҳосилнокии зироати пахта нисбат ба соли гузашта баланд буда, нашъунамояшон низ хело хуб мебошад.