Хабарҳо 21.07.2025 ДАСТРАСИИ ТЕХНИКА — МОШИНОЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА ХОҶАГИҲОИ НИЁЗМАНДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД. Соҳаи кишоварзӣ омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқавории аҳолии кишвар ба ҳисоб рафта, барои рушду пешрафти он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Соли ҷорӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманди кишвар Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” як қатор техника — мошинолотҳои кишоварзиро дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар гардонида истодааст. Айни ҳол дастрасии техника — мошинолотҳои кишоварзӣ дар ҳудуди хоҷагиҳои ниёзманди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо маром идома дошта, мутахассисони муассиса дар баробари бурда расонидан бо иштироки баҳрагирандагони лоиҳа тарзи дурусти насб ва истифодаи самараноки таҷҳизотҳои мазкурро мефаҳмонанд. Кишоварзон (баҳрагирандагони лоиҳа) аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастрасӣ бо техникаҳои наву муосир сипосгузор буда, тасмим гирифтаанд, ки барои афзун гардонидани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ камари ҳиммат баста, ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории аҳолии кишвар саҳмгузор бошанд.