Блоки ичтимоӣ-экологӣ Хабарҳо 16.07.2025 ВОХӮРИҲО БО БАҲРАГИРАНДАГОНИ ЛОИҲА ОИД БА МЕХАНИЗМИ БАРРАСИИ АРЗУ МУРОҶИАТҲО ДАР ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВМКБ Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса зоир намуда, барои рушди соҳаи кишоварзӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса дар якҷоягӣ бо кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” ҷиҳати таъмини шаффофияти фаъолияти лоиҳа ва муносибатҳо бо баҳрагирандагон, механизми баррасии арзу пешниҳодҳоро дар сатҳи маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти мухтори куҳистони Бадахшон баргузор намуда истодааст. Дар рафти сафари корӣ ба ВМКБ ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, ҳуҷҷати расмии идоракунии муҳити зисту масъалаҳои иҷтимоӣ, тартиби баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон дар доираи лоиҳаи мазкур аз ҷониби Мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ВМКБ комиссия таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт бо маром идома дорад. Дар рафти баргузории ҷаласаҳо аз ҷониби мутахассисони масоили иҷтимоиву экологии муассиса ва кормандони Ташкилоти ҷамъиятии “Умедбахш” масъалаҳо оид ба шафофияти фаъолияти лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” механизми баррасии арзу муроҷиатҳо ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа, матраҳ мегарданд. Ҳайати комиссия пас аз ҷаласаҳо аз қуттиҳои иттилоотӣ, гармхонаҳои доимоамалкунанда, қитъаҳои намоишии зироатҳои кишоварзӣ, чоҳҳои амудӣ ва аз дигар мавзеҳо дидан намуданд. Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои ВМКБ дар вохӯриҳои воқифгардонӣ фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди соҳаи кишоварзӣ қаноатманд ва изҳори сипос намуданд.