Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

Мулоқоти корӣ ҷиҳати раванди татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”

Санаи 10 -уми июли соли ҷорӣ мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи сафари корӣ ҷиҳати раванди татбиқи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо муовини раиси вилояти мухтори куҳистони Бадахшон Амирбекзода Ҳабибулло мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Зимни мулоқот муовини раиси вилоят оид ба мувофиқа ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои воқифгардонии аҳолӣ, баҳрагирандагони лоиҳа ва тарафҳои манфиатдор, инчунин таъсиси комиссияҳои арзу пешниҳодҳо дар сатҳи маҳал, корҳои таъмиру азнавсозии иншоотҳо, дастрасии баҳрагирандагони лоиҳа бо тухмиҳои хушсифату дорои сертификати зироатҳои кишоварзӣ, мустаҳкам намудани базаи моддиву техникии хоҷагиҳои ниёзманду тухмипарвар, бунёди гармхонаи доимоамалкунандаи муосир дар ноҳияи Шуғнон ва дигар масъалаҳои мубрами соҳа таваҷҷӯҳи хосса зоир намуданд.

Дар интиҳои мулоқот масъулин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди иншоотҳои муосири кишоварзӣ, истифодаи самараноки замин, мустаҳакам намудани баззаи модию техникии хоҷагиҳои ниёзманд ибрози андеша карданд.

Loading

X