Хабарҳо 10.07.2025 Раванди баҳодиҳии маводҳои химиявӣБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи компоненти 3-и лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” шурӯъ аз соли 2024 безараргардонии маводҳои химиявию заҳрхимикатҳои кӯҳнашуда ва зарфҳое, ки дар он маҳлулҳои химиявӣ истифода карда шудаанд ба роҳ мондааст.То ин муддат муассиса ин гуна маводҳои химиявиро барои безараргардонӣ ба партовгоҳи махсуси заҳрхимикатҳои кӯҳнашудаи ноҳияи Вахш интиқол медод.Бо ҳамин мақсад ҳафтаи ҷорӣ мутахассисони муассиса дар якҷоягӣ бо муошовири байналмилалӣ оид ба муҳити зист Полтовец Алексей дар вилояти Суғд доир ба муайян намудани ҳолати маводҳои химиявии муҳлаташон гузашта ва зарфҳое, ки дар он заҳрхимикатҳо истифода шудаанд дар озмоишгоҳу амбори филиалҳои Муассисаи давлатии муҳофизати растаниҳо ва химикунонии кишоварзӣ ва Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар вилояти Суғд чорабинӣ баргузор намуданд.Дар рафти баҳодиҳӣ мушовири байналмилалӣ тибқи риояи талаботҳои бехатарӣ ҷиҳати муайн намудани номгӯи заҳрхимикатҳо, дараҷаи хатарнокии онҳо, ҳангоми истифода, интиқол, бандубаст намудан ва сари вақт несту нобуд кардани онҳо ба мутахассисон тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.