Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ДАСТГИРИИ КИШОВАРЗОН БАРОИ РУШДИ СОҲА

Рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аҳолиро бо озуқа, саноатро бо ашёи хом ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолиро таъмин менамояд.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” соли ҷорӣ 150 адад тракторҳои хурд бо ядак харидорӣ гардида, дастраси хоҷагиҳои ниёзманди кишвар гардонида шуд.

Ҳамунин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманди кишвар як қатор мошинолотҳои кишоварзӣ, аз қабили испори дупозадор, испори панҷпозадор, кулухмайдакунак, картошкашинонак, картошкаканак, дорупошаки штангӣ, дорупошаки бодӣ, нурипошак, гандумкубак, дости тракторӣ, чизел, сихмола, дискмола, тухмипошаки ғалла тухмипошаки сабзавод, култиватор ва нимядак барои обкашӣ харидорӣ гардида, дастраси хоҷагиҳои ниёзманд гардонида мешавад.

Айни ҳол тақсимоти техника — мошинолоти кишоварзӣ дар миқёси кишвар оғоз гардида, барои мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии хоҷагиҳои ниёзманд (баҳрагирандагони лоиҳа) равона карда мешавад.

Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста ҷиҳати рушди соҳа, таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳо таъкид намуда, оид ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ бо истифода аз технологияи муосир рӯёнидани ду — се ҳосил аз як замин ва таъмини дигар хоҷагиҳо бо тухмиҳои хушсифат дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Хоҷагидорон ҳамасола аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат қаноатманд буда, ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ изҳори сипос менамоянд.

Loading

X