Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj
image_print

Рафти корҳои таъмиру бозсозӣ дар Маркази миллии захираҳои генетикии АИКТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҷиҳати татбиқи нақшаҳо таваҷҷӯҳи беандоза зоир намуда, барои рушди пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” якқатор биноҳои илмию таълимии ниҳодҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон давра ба давра бо тарҳи муосир таъмиру азнавсозӣ гардида мавриди истифода қорор мегиранд.

Бояд тазакур дод, ки Маркази миллии захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон фаъолияташро аз 2006 оғоз намуда, дар нигоҳдории тухмиҳои нодиру хушсифати маҳаллӣ, дарахтони донакдору тухмакдори маҳаллӣ ва навъу намунаҳои нодир нақши бориз дорад.

Бинобар сабаби ба таъмир ниёз доштани ин маркази илмӣ соли ҷорӣ муассиса дар доираи лоиҳа болопӯши биноро дар масоҳати 445 метри мурабба, ҳамворкунии деворҳо 410 метри мурабба, рангубори дохили бино 480 метри мурабба ва фарш 156 метри мурабба, шифт (сақф) 30 метри мурабба бо сифати баланд таъмиру азнавсозӣ менамояд. Ҳамчунин таҷҳизотҳои хурди барқӣ ва кандилҳо пурра иваз гардида, даромадгоҳи бино низ таъмири замонавӣ мегардад.

Айни ҳол корҳои рангуборкунӣ дар дохили бино бо маром идома дошта, коргарон дар рафти корҳои таъмирӣ барои дар мудатҳои тулонӣ хизмат намудани бинои мазкур нозукиҳои корҳои таъмириро ба инобат гирифта, бо сифати баланд ба анҷом мерасонанд.

Дар рафти корҳои таъмирӣ муҳандисон ва мутахассисони масоили иҷтимоӣ ва экологии муассиса ба коргароне, ки ба кори таъмирӣ ҷалб гардидаанд дар марҳилаи оғозёбии корҳо ҷиҳати иҷроиши нақшаи идоракунии муҳити зист, натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, риояи қоидаҳои беҳдоштиву санитарӣ, техникаи бехатарӣ, иҷроиши талаботу меъёрҳои амалкунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ, механизми баррасии арзу дархостҳо ва иҷроиши дигар қонунҳои амалкунанда маълумотҳои муфассалро пешниҳод намуданд.

Loading

X