Суроға: Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Бохтар 17

Телефон:

+992 37 2215113

Email:

info@aedpmu.tj

ПАРВАРИШИ МУШТАРАКИ ШОЛӢ ВА МОҲӢ ДАР КИШВАР

Шолӣ яке аз зироати асосии кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар шароити давлатҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон соҳаи ояндадор ва сердаромад маҳсуб мегардад. Бинобар сабаби ҳосилнокии шолӣ нисбат ба гандум, ки 1,6 маротиба зиёд аст, кишоварзон парвариши онро сол аз сол ба маротиб меафзоянд.

Соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ дар миқёси кишвар парвариши муштараки шолӣ ва моҳӣ ба роҳ монда шуд.

Мутахассисон дар якҷоягӣ бо олимони соҳа минтақаҳои шолипарварии кишварро мавриди омӯзиш қарор дода, барои парвариши муштараки шолӣ ва моҳӣ 9 шаҳру ноҳияҳои шоликорӣ ҷумҳурӣ аз ҷумла 20 хоҷагиҳои шолипарварро ҳамчун қитъаҳои санҷишӣ интихоб намуданд.

Айни ҳол тибқи нақша таъминоти моҳичаҳо ба хоҷагиҳои шолипарварии кишвар бо маром идома дошта, ба ҳар як га тибқи меъёр се ҳазор моҳича рост меояд, ки дар умум ба майдони 20 га 60 ҳазор моҳича дастраси хоҷагидорон карда мешавад.

Loading

X